Оғози сафари кории Президент ба ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 — солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
Дар ҷамоати деҳоти Сомон дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода сокинони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбарияти давлат мебошад, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра иншооти маорифу фарҳанг, аз ҷумла Осорхона, Китобхона, Қасри фарҳанги ноҳиявӣ ва Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат ифтитоҳ карда, бо сокинони ноҳияи Ҳисор суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.
Инчунин дар рафти сафар Президенти мамлакат бо ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 3000 — солагии Ҳисор, вазъи корҳои саҳроӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва рафти ҷамъоварии ҳосили боғу токзор шинос мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






