Оғози тантанаҳои марказии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Сентябрь 1, 2015 02:40

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, бинои нави онро, ки бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст,  ифтитоҳ намуд. Тантанаҳои марказии ҷумҳуриявии Рӯзи дониш имсол дар ин донишгоҳ доир шуда, ҷараёни он мустақиман тавассути тамоми шабакаҳои ҷумҳуриявӣ пахш мегардад. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони илму маърифат ба устодону шогирдони донишгоҳ дарси сулҳ гузашта, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки аз таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 70 сол пур шуда, шаҳри Кӯлоб, ки яке аз марказҳои асосии илму фарҳанги миллати тоҷик аст, дар тӯли ин 70 сол бори аввал соҳиби чунин як боргоҳи таълимии хуштарҳу замонавӣ гашт, ки дорои тамоми шароит барои таълиму тарбия мебошад.   

 

Сентябрь 1, 2015 02:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд