Ошкор шудани як фоҳишахона дар Душанбе
Душанбе, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия мардеро дастгир карданд, ки хонаи истиқоматиро ба фоҳишахона табдил додааст.
Ба иттилои ВКД, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони нигоҳ дошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Гумонбаршуда рӯзи 3-юми сентябри соли ҷорӣ соати 16:00-дақиқа ҳуҷраи истиқоматиро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон мард ва зани 21-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 226-сомонӣ гирифтааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсияи вилояти Суғд занеро низ дастгир карда буданд, ки хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






