Парвандаи ҷиноӣ нисбати 7 сарбози рус ба суд фиристода шуд

Сентябрь 8, 2015 15:15

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз прокуратураи шаҳри Кӯлоб парвандаи авбошии ҳафт нафар  сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро ба анҷом расонида, барои муҳокима ба намояндагии суди ҳарбии Русия дар назди пойгоҳи 201-ум супорид.
Ин сарбозону афсарони рус барои авбошӣ дар шаби 28-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳр Кӯлоб гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ҳоло бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) айбдор дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 28-уми июл гурӯҳе аз сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ба хиёбонҳои ин шаҳр баромада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда буданд. 

Сентябрь 8, 2015 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!