Паёми шодбошии Президенти Амрико Барак Обама ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Мӯҳтарам Ҷаноби Президент:
Дар якҷоягӣ бо мардуми Амрико, беҳтарин таманниёти хешро ба Шумо ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолият, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, ирсол менамоям. Мехостам бори дигар дастгирии мунтазами Иёлоти Амрикоро дар роҳи бунёди соҳибихтиёрӣ, рушди иқтисод ва густариши демократии Тоҷикистон таъкид намоям. Тавассути музокироти кушод ва боэътимод, метавонем як заминаи хуберо барои муносибатҳои боз ҳам қавитар ва васеътар, ки он ба мардуми Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида сулҳу субботро кафолат медиҳад, гузорем.
Иёлоти Муттаҳида аз он ифтихор дорад, ки аз қабили нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро шинохтааст ва ба таъмини сулҳу суббот ва шукуфоии он содиқ хоҳад монд. Ҳамкории бардавом, ки тӯли солҳои охир пиёда намудем, барои муносибатҳои оянда заминаи қавиро фароҳам овард. Мунтазири онам, ки дар солҳои наздик дӯстй миёни мардуми мо ва ҳамкорй байни Ҳукуматҳои ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гарданд.
Барак Обама








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






