Пешниҳоди нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об дар СММ
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – «Бо истинод ба натиҷаҳои мусбати ташаббусҳои пешинаи муштарак, пешниҳод менамоем, ки имконияти эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Рӯзномаи Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад. Самимона умедворем, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милал қарор хоҳад гирифт», — изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки понздаҳ соли оянда, дар шароити шиддат ёфтани таъсири тағйироти иқлим, таназзули муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, бӯҳронҳои озуқаворию энергетикӣ ба соҳаи захираҳои об мо бояд саъю талоши бузург ба харҷ диҳем, то ба ҳадафҳои гузошташуда расем. Ба ақидаи мо инкишофи ҳамкорӣ, шарикӣ ва дипломатияи об ба андешидани чораҳои зарурӣ барои коҳиш додани ин равандҳои харобиовар ва сари вақт ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






