Пешсафии теннисбоздухтарони тоҷик барои дарёфти «Ҷоми Президент»
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шурӯъ аз 19 сентябри соли ҷорӣ дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” ҷараён дошта, теннисбоздухтарони тоҷик дар ин мусобиқа пешсаф мебошанд.
Бино ба иттилои сардовари мусобиқа Мансур Яҳёев, теннисбоздухтарони тоҷик дар даври нимниҳоӣ роҳхат гирифта, ба даври финалии мусобиқа омодагӣ дида истодаанд.
-Феълан бозингарон барои даври нимниҳоӣ миёни ҳам рақобат дошта, теннисбозони Туркманистон бартарӣ нишон дода истодаанд. То анҷоми бозӣ маълум нест, ки кадом даста ва варзишгарон ба даври нимниҳоӣ роҳхат мегиранд,- афзуд мавсуф.
Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа 32 варзишгар, ки 26 нафараш духтар аст, аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат варзида, барои дарёфти Ҷоми Президент миёни ҳам рақобат доранд.
Мусобиқа то 24 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе идома меёбад. Ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис мебошад, ки теннисбозони наврас барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» рақобат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки “Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис” аз соли 2005 таъсис ёфта, дар байни варзишгарони наврас гузаронида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






