Рӯзҳои ид ва манъи фурӯши туфангҳои пластикӣ ба кӯдакон

Сентябрь 23, 2015 04:15

Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 35 соли ҷанг дар Афғонистон васоили бозии кӯдакони ин кишварро  тағйир додааст. Туфангҳои пластикӣ ба унвони васоили тафреҳии кӯдакон мубаддал шудааст. Ин туфангҳои пластикӣ, ки анвои мухталиф дорад, дар рӯзҳои ид ба унвони воситаи пурдаромад барои дӯкондорҳо мубаддал мешавад. 
Тавре ки дар шабакаи  «Уфуқ.нюс» омадааст, Вазорати дохилаи Афғонистон зимни эъломи омодагӣ барои таъмини амнияти рӯзҳои ид ба дӯкондорон эълом доштааст, ки аз фурӯши туфангҳои пластикӣ худдорӣ намоянд ва ба неруи пулис дастур додааст, ки монеи фурӯши он шаванд ва низ аз хонаводаҳо хостааст, ки барои кӯдаконашон туфангҳои пластикӣ ва асбоббозиҳои хатарнокро нахаранд.
Вазорати дохила ҳамчунон гуфтааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тиҷорат аз вуруди  туфангҳои пластикӣ ба кишвар ҷилавгирӣ намоянд.
Ин тасмими Вазорати дохилаи Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар рӯзҳои ид бар асари бозии кӯдакон бо ин туфангҳои пластикӣ, кӯдакони зиёде осеб дидаанд ва ҳатто боиси кӯр шудани чашмҳояшон гардидааст.
Вазорати дохилаи Афғонистон ба мардуми кишвар итминон додааст, ки  барои таъмини амнияти рӯзҳои ид дар тафреҳгоҳҳо ва марказҳои таҷаммӯъ омодагӣ гирифтааст. Аз тамоми қишри ҷомеа хостааст, ки дар сурати дидани афроди шубҳанок  ба неруҳои амниятӣ хабар диҳанд. 

Сентябрь 23, 2015 04:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд