Рақобати футболбозони тоҷику қирғиз дар Бишкек
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -8 — уми октябр дар даври панҷуми бозии байналмиллалӣ барои роҳхат ба бозиҳои «Ҷоми ҷаҳон Русия-2018» Қазоқистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзакови шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мегардад.
Дар бозии мазкур доварон аз кишварҳои хориҷӣ, Муд Бониядифари 35- сола, Реза Сохандани 41- сола, Муҳаммадризо Мансури 37- сола ва Бежан Ҳайдарии 35- сола даъват шудаанд. Бозиро доварон Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон ва Сивакумар аз Сингапур намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар даври шашуми бозӣ дар гурӯҳи «В» Тоҷикистон бо Урдун вориди майдон хоҳад шуд. Бозии мазкур 13 октябр дар варзишгоҳи байналмиллалии Уммон баргузор мегардад. Барои дарёфти ҷоми АФК-2015 барои бозии ҷавобӣ дастаи «Истиқлол» -и Тоҷикистон ба Малайзия сафар намуд. Бозӣ байни дастаҳои «Паҳанг» -и Малайзия ва «Истиқлол» — и Точикистон 16 октябр дар варзишгоҳи Дорулмакмури шаҳри Каунтани ин кишвар баргузор мегардад.
Қаблан «Истиқлол» дар варзишгоҳи хеш «Паҳанг» -и Малайзияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






