Рашт: Ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Маркази будубоши рӯзонаи «Аниса» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд (маъюбони гурӯҳи 2, 3) дар назди ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз ҳисоби Агентии ҳифзи иҷтимоӣ дар назди Вазорати тандурустӣ маблағгузорӣ мегардад.
Дар айни замон дар марказ 20 кӯдаки имконияташ маҳдуд ба тавонбахшӣ фаро гирифта шудааст. Дар муассиса бо дастгирии роҳбари он Нуриддин Ғиёсов 19 ҷойи корӣ ташкил шудааст, ки мутахассисони он аз муаллимҳо, духтури кӯдакона, духтури асаб иборат аст.
Маркази мазкур кӯдакони маъюби гурӯҳи 2 ва 3 -ро табобат ва таълиму тарбия намуда, ба мактабҳои миёна равон мекунад. Муассисаи мазкур дар дохили худ гурӯҳҳои сайёр дорад, ки дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гашта, маъюбони гурӯҳи якумро тавонбахшӣ намуда, ҳуҷҷатгузории нафақаҳояшонро назорат менамоянд.
Шариф Ғайратов, падари Мустафои 13-сола- тарбиятгирандаи муассисаи мазкур мегӯяд, баъд аз таълиму тарбия фахмишу фикрронии фарзандаш 30 фоиз зиёд шудааст ва миннатдор аст, ки табобати кормандони ин муассиса ба фарзандашон натиҷаи хуб дода истодааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






