Роҳбарони бозорҳо оид ба захираи маҳсулоти озуқа гузориш медиҳанд

Сентябрь 26, 2015 06:04

     Душанбе, 26.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 1 октябр доир мегардад, номи баъзе аз маҳаллаю кӯчаҳои пойтахт  тағйир дода шавад. Дар иҷлосия ҳамзамон доир ба омодагии бахшҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 Ашурбег Расулов -муовини  аввали раиси шаҳри Душанбе гузориш медиҳад. 
Инчунин дар назди вакилон муовинони раиси шаҳр Ш. Мақсудзода ва Ш. Самадов доир ба риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, неруи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ва иҷрои қарори раиси шаҳр  «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016» ҳисобот медиҳанд. Дар иҷлосия гузориши роҳбарони бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», «Шоҳмансур» ва корхона «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт шунида мешавад. Дар фарҷоми иҷлосияи тасдиқи як силсила  қарорҳои раиси шаҳри  Душанбе аз ҷониби вакилони шаҳрӣ дар назар аст.

 

 

 

Сентябрь 26, 2015 06:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад