Роҳбарони бозорҳо оид ба захираи маҳсулоти озуқа гузориш медиҳанд
Душанбе, 26.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 1 октябр доир мегардад, номи баъзе аз маҳаллаю кӯчаҳои пойтахт тағйир дода шавад. Дар иҷлосия ҳамзамон доир ба омодагии бахшҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 Ашурбег Расулов -муовини аввали раиси шаҳри Душанбе гузориш медиҳад.
Инчунин дар назди вакилон муовинони раиси шаҳр Ш. Мақсудзода ва Ш. Самадов доир ба риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, неруи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ва иҷрои қарори раиси шаҳр «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016» ҳисобот медиҳанд. Дар иҷлосия гузориши роҳбарони бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», «Шоҳмансур» ва корхона «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт шунида мешавад. Дар фарҷоми иҷлосияи тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби вакилони шаҳрӣ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






