Сӯхтор дар бинои 16- ошёнаи кӯчаи Сино
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ба Маркази алоқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сентябри соли ҷорӣ, соати 14-18 дар мавриди сӯхтори хонаи ёрирасон, воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои 16-ошёнаи кӯчаи Сино-41, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба шаҳрванд Тилло Зиёдуллоев, соли таваллудаш 1968 хабар расид. Алангаи оташ инчунин ба дигар ҳуҷраҳои ҳамшафати он доман паҳн намуда, масоҳати умумии сӯхтор 800 метри мураббаъро дар бар гирифт. Барои хомӯш намудани сӯхтор ва бартараф сохтани оқибатҳои он 12 мошини сӯхторнишонӣ, се нақлиёти нордбондори ёрирасон, ҳамчунин ҳайати шахсии РХДО шаҳри Душанбе ва СХДО ВКД сафарбар шуданд.
Дар натиҷаи сӯхтор хонаи ёрирасони мазкур ва 6 ҳуҷраи манзили истиқоматии шаҳрвандон қисман сӯхта зарар дидаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, маблағи аз сӯхтор эмин нигоҳ дошташуда ба 10 миллион сомонӣ баробар мебошад. Касе аз шаҳрвандон ва ҳайати шахсии оташнишонон зарари ҷисмонӣ набардоштааст.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мутахассисони соҳа тафтиш идома дошта, сабаб ва зарари расонидашуда аз сӯхтор муайян мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






