Сӯхтор дар зеристгоҳи барқии ИТ-146-и ноҳияи И.Сомонӣ
Душанбе, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар се ҳолати сӯхторе, ки дар минтақаҳои кишвар рух додааст, наздик ба 40 ҳазор сомонӣ зарар овардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии кишвар, зеристгоҳи барқии ИТ-146, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-166, ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар масоҳати 1-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонида шуда 20000-сомониро ташкил медиҳад.
Чунин ҳолати сӯхтор дар хонаи истиқоматии марди 52-солаи сокини ноҳияи Данғара дар масоҳати 21-метри мураббаъ ба қаид гирифта шуд, ки 2000 сомонӣ зарар расонидааст.
Автомашинаи шахсии тамғаи Даймлер-Бенс, ки ба марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара тааллуқ дорад, дар масоҳати 6-метри мураббаъ сӯхта, 17000-сомонӣ зарар расонидааст.
Сабаби сар задани сӯхторҳоро масъулини Хадамоти мазкур расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






