Сафари футболбозони навраси кишвар ба Қатар
Душанбе, 15.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дирӯз, 14-уми сентябр, барои иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба Дохаи Қатар сафар кард.
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби наврасони Қатар, Ироқ ва Туркманистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мекунад.
Футболбозони навраси кишвар дар доираи ин мусобиқа бозии аввали худро рӯзи 16 сентябр бо тими мунтахаби наврасони Ироқ оғоз мекунанд. Дар даври дуюми рақобатҳо, ки 18 сентябр доир мегардад, наврасони мо бо ҳамсолони туркманашон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа наврасони тоҷик 20 сентябр бо соҳибони майдон вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Aspire Dome Indoor Stadium» — Доха баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






