Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»

Сентябрь 18, 2015 08:17

Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руйи кор омадааст, асос гузошт.

Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ феълан чунин сардхона дар Боғи сомон ба ҳашт адад расонида шуд. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, бо маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон баробари парвариши васеъи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғуланд.

Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гуштӣ ва зиёда аз 5 ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин карда мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.

Ин хоҷагиии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замин кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамагии онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хуроки чорво ҳам дар хоҷаги васеъ ба роҳ монда шудааст.

Сентябрь 18, 2015 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!