Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Сентябрь 4, 2015 09:30

         Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» таҳти чунин унвон 5-6 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба ифтихори 700 -солагии шоир, ориф ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад. 
  Дар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.
     6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ  дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон-донишмандон  оромгоҳ ва Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлониро зиёрат намуда, аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, осорхонаи  шоир Саидалӣ Вализода боздид намуда,  ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо мекунанд. 
  Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалии илмӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишвар баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Эрон мебошад. 

 

Сентябрь 4, 2015 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад