Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Мир Сайд Алӣ Ҳамадонӣ
Душанбе, 05.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700 -солагии Мир Сайд Алӣ Ҳамадонӣ ба кори худ оғоз бахшид, ки тайи ду рӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб идома меёбад.
Кори конфронси мазкурро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад.
Президенти кишвар иброз дошт, ки ин орифи бузург пеш аз ҳама мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.
Дар кори симпозиум олимону донишмандон аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса ва дигар кишварҳо иштирок дошта, оид ба мероси адабию фалсафии мутафаккири Шарқ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ инчунин намоиши китоб гузаронида шуд, ки дар баробари нашриётҳои Тоҷикистон, ноширон аз кишварҳои Британия Кабир, ИМА, Эрон, Афғонистон ва Туркия китобҳои хешро ба маъраз пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






