Сокини ноҳияи Фархор бо ҳашиш дастгир шуд
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 25 сентябри соли равон сокини 35-солаи ноҳияи Фархор бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Кормандони фаврӣ дар вақти кофтукови борхалтаи гумонбаршуда аз дохили он маводи қаҳваранги бӯйи ғализдоштаро дарёфт ва мусодира намуданд. Ташхиси ин мавод нишон дод, ки он ба маводи нашъадори навъи ҳашиш мансуб буда, вазни он 498 граммро ташкил дод.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






