«Созандагони Ватан» амали гурўҳи «ҳоҷӣ Ҳалим»- ро маҳкум намуд

Сентябрь 8, 2015 15:12

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳаёти ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки дар  таърихи он миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Санаи 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти давлатӣ дар таърихи муосири халқи тоҷик барои абад бо ҳарфҳои заррин навишта  шудааст. 
Зеро истиқлолият, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд «…рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.»
Дар радифи ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ метавон гуфт, ки истиқлолият ин шарафу номуси ҳар фарди соҳибтафаккур ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар фарде аз миллати озодихоҳ аст.
Танҳо истиқлолият ба ҳар миллат имкон фароҳам меорад, ки озодона дар асоси арзишҳо ва хостаҳои миллӣ ташаккул ёбад ва худро ҳамчун миллати дорои фарҳанги хос муаррифӣ намояд.
Тӯли 24 соли истиқлолияти давлатӣ  миллати тоҷик ва давлати муосири он таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки худро ҳамчун давлати мустақил ва миллати дорои тафаккур ва фарҳанги созанда муаррифӣ намояд.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳонию минтақавӣ  ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як сокини ҷумҳурӣ масъулияти баланди шаҳрвандию миллиро тақозо менамояд. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба қадри ин дастовард расем, онро аз ҳама гуна хатар ҳифз намоем, бар зидди ҳамагуна зуҳуроте, ки ба истиқлолияти давлатӣ хатар эҷод мекунад, муборизаи беамон барем, аз ҳама гуна таассубу бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги бегона парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем, бо ѓурур иброз намоем, ки ман шаҳрванди давлати соҳибистиқлолам ва онро ном Тоҷикистон аст.
Ба ҳар як фарди бо нангу номуси кишвар лозим аст, ки баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ атрофи ғояи миллии пешниҳоднамудаи Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳар яки мо» ва сиёсати дурусту хирадмандонаи он боз ҳам муттаҳидтар бошем. 
Аз ин рў, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» рафтори ноҷавонмардонаи як гурӯҳи ҷиноиро, ки таҳти раҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди фархундаи миллӣ – Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шуда, қасди ноором намудани ҷомеаро доштанд, қатъиян маҳкум менамояд. 
Бо истифода аз фурсат аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавононро, ки парчамбардорони асосии ин давлати соҳибистиқлол мебошанд, табрику таҳният гуфта, барояшон дар роҳи ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ѓайрату матонат ва ҳисси баланди ватандорию меҳанпарастиро таманно менамоем.
Иди шарафбор- Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шўрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
Шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2015

Сентябрь 8, 2015 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад