Сулҳи бадтарин беҳ зи ҷанги хубтарин
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Мо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Россия кор мекунем бо шунидани хабарҳои рӯзҳои охир дар бораи вазъи Ватани азизамон бисёр нигарон шудем. Ҳанӯз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандиро дар ёд дорем, рӯзҳое, ки ҳатто аз хона баромадан бароямон хатарнок ва душвор буд. Худоро шукр, ки ин чанд сол дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ карда истодаем. Ба ҳамаи мушкилиҳои мавҷуд нигоҳ накарда, зиндагӣ дар Ватани орому осудаамон беҳтарин неъмати Худованд аст. Мо ҳамеша хостори оромӣ ва ҳамдилии тоҷикистониҳо ҳастем ва ҳаргуна нооромӣ дар Ватани маҳбубамонро маҳкум мекунем.
Ҳамватанони азиз, ба ҳар яки Шумо муроҷиат карда таъкид мекунем, ки бо мо ҳамфикр шуда, оромӣ ва осудагии Тоҷикистони азизро таъмин намоед ва ба ҳар гапу хабари нодурусту иғвобарангез гӯш надиҳед. Солҳои 90-ум бо иғвои душманони миллати мо, тоҷик алайҳи бародари тоҷикаш силоҳ ба даст гирифту хунрезӣ кард. Ин ҷанги бародаркуш ҳазорон хонадони ободро вайрон намуд, яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати мо шуд. Ҷанг тамом шуду вақт гузашт, вале доғи нангини ин ҳодисаи хонумонсӯз ҳанӯз дар дили миллати мо боқист. Мо то имрӯз ва шояд як умр афсӯс мехурем, ки ин ҳодисаи нохуш дар Ватани мо рӯй дод.
Таърих худ гувоҳ аст, дар урфият мегуянд “офтобро бо доман пушида намешавад”. Мардуми тоҷик хуб медонад, ки сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом ва аъзоёни пайравони ифротии он буданд. Ҳануз буи хун аз машоми мардуми азиятдида нарафта, наҳзатиҳо боз ба сиёсатсозии дини мубини ислом даст заданд. Аъзои фаъоли ҳизб “ҳоҷӣ Ҳалим” ба халқи тоҷик хиёнат кард, суботи Ватанро халалдор сохт.
Биёед дигар ба суханҳои иғвогарон гӯш надиҳем. Биёед даст ба дасти ҳамдигар дода, кишварро обод кунем, оромии онро пойдор нигаҳ дорем. Пешравию ободии Ватани азизамон аз ҳар яки мову шумо вобаста аст. Оромӣ дар Ватани маҳбубамон, аз ҳар яки мову Шумо вобаста аст. Ҳеҷ як миллати бегона дар фикри ободии мо нест. Ҳамватанони азиз, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри пойдории оромию осоиштагии Ватан кӯшиш ба харҷ диҳед. Бигузор дигар ҳеҷ вақт дар диёри мо ҷангу вайронӣ нашавад!
Насриддинов Аюбҷон Темурович,
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангии “Дӯстӣ-Дружба”-и
вилояти Нижегородски Россия








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






