Таҳсили довталабони Бадахшон дар хориҷ аз кишвар
Хоруғ, 04.09. 2015 (АМИТ «Ховар» ).-Ҳамасола сад фоизи хатмкунандагони муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ ба Муассисаҳои Олии таълимӣ дохил мегарданд.
Соли равон аз 72 хатмкунандаи ин мактаб 26 нафар дар хориҷи кишвар, донишгоҳҳои давлати Русия, Беларусия, Чин, Полша, Қирғизистон, Қазоқистон ва боқӣ дар муассисаҳои олии кишвар дохил шуда, таҳсили хешро давом медиҳанд.
Ба иттилои масъулини мактаб дар соли равон 20 нафар толибилмони ин мактаб аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки мактаби Президентии шаҳри Хоруғ соли 2011 таъсис ёфта, барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст. Имрӯз таълим дар ду баст ҷорӣ карда шуда, 745 нафар толибилмони болаёқат аз тамоми гӯшаю канори вилоят дар ин ҷо ба таълим фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






