Тадбирҳои амниятӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр гардонида мешавад

Сентябрь 7, 2015 05:07

         Душанбе, 07.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тадбирҳои амниятӣ дар бозорҳои пойтахт дар иртибот бо ҳодисаҳои хушунатбори ахир  бо дастури сохторҳои марбутаи қудратии кишвар пурзӯр гардонида мешавад», гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ховар» Сайфулло Амонов -сардори Раёсати иқтисод ва бозорҳои пойтахт. Номбурда дар посух ба савол, ки чаро рӯзҳои охир аксари бозорҳи бузурги пойтахт фаъолият надоштанд, гуфт, ки  вобаста ба омодагии пойтахт ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мисли дигар  идораю муассисаҳои пойтахт  6 сентябр дар кулли бозорҳои бузурги  шаҳр- «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Корвон», «Султони Кабир», «Ганҷина» ва «Панҷшер» рӯзи тозагӣ ё худ санитарӣ эълон гардида буд, аммо бозорҳои хурд фаъолият доштанд. Имрӯз 7 сентябр тамоми бозорҳои бузурги пойтахт, ки аз рӯи таъиноташон ҳам маводи хӯрока ва пӯшока мефурӯшанд,  ба фаъолият оғоз карданд.
        Алҳол дар пойтахти ҷумҳурӣ 28 бозор фаъолият дошта, аз он 5 тоаш давлатӣ ва боқимондааш хусусист.

 

Сентябрь 7, 2015 05:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад