Талаби пора барои тайёр кардани сертификати истифодаи замин
Душанбе, 19.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Зафаробод ва Прокуратураи ноҳия корманди корхонаи фаръӣ-давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Зафарободро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дастгиршуда, сокини 43- солаи ноҳияи мазкур барои тайёр кардани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз сокини 33-солаи ноҳия 1000 сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






