Таъмири роҳҳои Файзобод дар арафаи ҷашни Истиқлол
Файзобод, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия, роҳҳои маркази ноҳияро пурра таъмир намуданд.
Барои таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳия имсол 161 ҳазору 828 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки то имрӯз нақшаи таъмири роҳҳо 100 фоиз иҷро шудааст.
Тибқи иттилои сармуҳандиси муассисаи мазкур Одил Неъматов имсол аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ як пул ва 3,5 километр роҳҳои маҳаллиро мумфарш кардаанд, ки дар он 3 млн сомонӣ сарф шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






