Тарроҳон ва дӯзандаҳои тоҷик сохтори либосро омӯхтанд
Душанбе, 25.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Тарроҳон, дӯзандаҳо, ва муҳандисони нассоҷии тоҷик аз давраи серӯза доир ба сохтори либос, ки аз 21-ум то 23-юми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, гузаштанд.
Бино ба иттилои Маркази тиҷорати байналмилалӣ, дар давраи омӯзишии мазкур маърӯзаҳо, муаррифиномаҳо, наворҳои видеоӣ, баҳсҳои гурӯҳӣ, омӯзиши намунаҳо, санҷишҳо ва василаҳои дигари мӯдҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Давраи омӯзишӣ аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат доир шуд.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ амиқтар гардонидани донишу маҳорати касбии мутахассисони тоҷик доир ба василаҳои гуногун ва муҳтавои сохтори либос арзёбӣ шуд, ки дар саноати замонавии мӯд васеъ истифода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






