Ташаббусҳои қонунгузорӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ нигаронида шудаанд

Сентябрь 14, 2015 11:23

Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ташаббусҳои қонунгузории вакилон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин  таҳкими иқтидори давлат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум нигаронида шудаанд»,- зикр шуд зимни мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Тоҳир Ҷобирзода, Қиёмиддини Миралиён, Анвар Тағоймуродов ва Бахтовар Сафаров бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва шаҳрҳои Сарбанду Қурғонтеппа.
Вакилон дар мулоқоташон бо мардум доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар сухан карданд. Зикр шуд, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони  молиявии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист иҷрои барномаҳои қабулгардида ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд. 
Вакилон дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас доданд. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар дигар минтақаҳои кишвар то 18 сентябр идома меёбад.  

 

Сентябрь 14, 2015 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд