Тими ҷавонони Тоҷикистон дастаи Туркманистонро шикаст дод
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон то 16 сола дар бозии дуюмаш дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2016 дастаи ҷавонони Туркманистонро шикаст дод.
Тавре ки Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ин бозӣ дирӯз дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа баргузор гардида, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузург 5:1 ҳарифи худро мағлуб сохтанд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии нахустинаш аз тими Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд, аммо бо ғолибият бар тими Туркманистон тавонист имконият барои иштирок дар бозии финалии даври гурӯҳиро ба даст биёрад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






