Тоҷикистон ба иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалӣ тайёрӣ мебинад
Душанбе, 17.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи якуми байналмилалии «Амволи беҳтарини кишварҳои узви СҲШ» дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии ҶМЧ мулоқот баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баракати Исфара», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби зулол», ҳамчунин Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суман», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Рухом» ва «Майрамбибӣ» маҳсулоти худро ба маърази намоиш мегузоранд.
Сафари намояндагони ширкатҳои зикршуда бо мусоидату дастгирии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи оид ба рушди тиҷорат ва дастгирии соҳибкорон, ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия ва Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шудааст.
Намоишгоҳи амволи беҳтарини кишварҳои узви СҲШ дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми иқтисодии Авруосиё ба манзури фароҳам овардани шароити судманд барои густариши муомилоти моли кишварҳои узви СҲШ, мушоҳидону иштирокдорони муколама, рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар бахшҳои мухталиф доир мегардад.
Намоишгоҳ барои Тоҷикистон василаи судманди рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои дигар маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ аз 24 то 25 сентябр дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии ҶМЧ доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






