Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 15-уми сентябри соли ҷорӣ форуми байналмилалии фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дода, афзуданд, ки Форуми II байналмилалии фарҳангии Роҳи абрешим дар мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ, коркарди лоиҳаи муштарак дар доираи ҳамкории фарҳангӣ» бо ташаббуси Фонди фарҳанги Чини назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин, Фонди Маркази маънави Қазоқистон, Фонди Роҳи Абрешими Чин ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ин форум фароҳам овардани имконият барои намояндагони соҳаи илму фарҳанг, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ҳамкории минбаъдаи фарҳангӣ, рушди анъанаҳои миллӣ буда, ҳамчунин ҷаласаҳои пленарӣ ва мавзӯӣ доир шуданд.
— Дар Форуми мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи илму фарҳанг, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссия оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ширкат намуданд,- афзуд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






