Тоҷикистону Ҷопон дар Бадахшон се лоиҳаи навро амалӣ месозанд

Сентябрь 30, 2015 05:06

Душанбе, 30.09.15. (АМИТ «Ховар»).  Сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  Такаши  Камада  ва намояндагони  ваколатдори се  созмони  мададгор се  лоиҳаи  навро  ба  имзо расониданд, ки Ҷопон  барои  дар  амал  татбиқ  шудани онҳо  маблағҳои  зарурӣ ҷудо  мекунад.
Аз  ҷумла, барои  татбиқи «Лоиҳаи  таъмини ноҳияи  Ванҷ  бо  техникаи  соҳаи  кишоварзӣ  ва  роҳсозӣ» ҷудо намудани 90  ҳазору  950  доллари  ИМА  пешбинӣ  шудааст. Аз  ҷониби  Тоҷикистон  лоиҳаро  раиси  ноҳияи  Ванҷи  ВМКБ  Давлатбибӣ  Раҷабова  имзо  намуд. 
«Лоиҳаи  беҳдошти  низоми обёрии  деҳаҳои Миденшор  ва Хосеи  ҷамоати  Поршневи   ноҳияи  Шуғнон» — ро ба  маблағи  умумии  90  ҳазору  110 доллари  ИМА  раиси   ноҳияи  Шуғнон  Азиз  Гиёев  ба  имзо расонид. 
Раиси  ноҳияи Роштқалъаи  ВМКБ  Юсуф Султонноёбов  «Лоиҳаи  таҷдиди  роҳҳои  деҳаҳои  Хичих  ва  Синдеви  ноҳияи  Роштқалъа» —  ро  имзо намуд,  ки  арзиши он 90  ҳазору  203  доллари  ИМА  ро ташкил  медиҳад. 
Кӯмаки  бебозгашти  лоиҳаҳои амнияти  гуманитарӣ барои табақаҳои  васеи  аҳолӣ  асосан  ба ҳукуматҳои маҳаллӣ,  муассисаҳои  таҳсилотию тиббӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ   расонида  мешавад.
Ҳукумати  Ҷопон аз  соли  1996  инҷониб 346  лоиҳаи   гуманитариро   ба  маблағи  умумии  28  миллион  доллари  ИМА  дастгирӣ  намудааст.

 

Сентябрь 30, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд