В. Путин: «Тоҷикистон метавонад ба кумаку дастгирии Русия умед бандад»
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар») Дар ин бора Валадимир Путин зимни суханронияш дар ҷаласаи васеи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СААД дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.
«Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии мо аст. Мо мебинем, ки ин ҷо, дар Тоҷикистон, шумо бо мушкилот рӯ ба рӯед, бо талошҳои номатлуб, кӯшишҳои ноором кардани вазъият. Мо ба ин таҳдиду хатарҳо баҳои муносиб медиҳем ва шумо ҳамеша метавонед ба кумаку дастгирии мо умед бандед, ҳарчанд мо мебинем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз уҳдаи бартарафсозии ин мушкил бо муваффақият мебароянд”, — изҳор дошт Президенти Федератсияи Русия зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СААД дар шаҳри Душанбе.
Ӯ ҳамчунин аз хатарҳои афзоянда аз Афғонистон, Ироқу Сурия ва дигар минтақаҳои доғи минтақа ва ҷаҳон ва ҳам доман паҳн кардани даҳшату ваҳшониятҳои ба ном “Давлати Исломӣ” ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Террористон қатли ом мекунанд, мардуми беҳисобро ба бесарусомонию қаҳтӣ рӯ ба рӯ месозанд, ёдгориҳои фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси диниро хароб мекунанд”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






