Ваҳдат асоси рушди миллат аст

Сентябрь 30, 2015 02:22

Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ифротгароӣ имрӯз ба як мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеахои рӯзҳои аввали моҳи сентябр, ки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, мардуми моро бв ташвиш овардаанд. Ин исён моро водор месозад, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошем ва ваҳдати ба душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоем. Мо имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврас таълими комили дунявию муосир гирифта аз  асрори технологияҳои нав хабардор бошад. Мутаассифона, вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки ба ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдорашон нуфуз ва манзалати исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онхо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ ба некӣ намеанҷомад. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Ливия, Яман ҳокимияти давлатии комил вучуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи дунё нест шудан таҳдид мекунад. Барои ҳамин, дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-и аҳолӣ мусулмон аст, ҳеҷ зарурати ҳизби динӣ дида намешавад. Ҳизбӣ шудани диндорон ба тафриқа дар ҷомеа оварда расонид. Мо бояд мардуми азияткашидаи худро аз ин гуна хатарҳою бадбахтиҳо  огоҳ кунем. Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст  омадааст ва дар таърихи халли низоъҳо, муноқишаҳо, хотима бахшидан дар чанги шахрвандӣ беназир аст, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад, то рушду нумӯи кишвари азизи мо халалдор нагардад.

А. Ғафуров, Ф. Абдурашитов, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2015 02:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!