ВКД: Хабари тирпаронӣ дар канори Душанбе асос надорад
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба хабари дар расонаҳои иттилоотии радиои «Озодӣ» ва «Сентр-Азия» паҳншуда, дар хусуси он ки гӯё бегоҳии рӯзи 5-уми сентябр дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе ҳамла ба дидбонгоҳи БДА сурат гирифта, тирпаронӣ ба сӯи кормандони ВКД ба амал омадааст, изҳор кард, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад. Амалиёти муштараки сохторҳои қудратӣ барои маҳв кардани гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим идома дошта, вазъият пурра таҳти назорат қарор дорад.
Паҳн кардани чунин хабарҳои бардуруғро дар Вазорати корҳои дохилӣ «иғвогарии бадхоҳон» намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки бадхоҳон дирӯз низ, ҳамин гуна хабари бардуруғро дар расонаҳои иттилоотӣ паҳн карда буданд, ки гӯё 33 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ дар рафти амалиёт ҳалок шуда бошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






