Яке аз роҳбарони «Давлати исломӣ» Абӯбакр Туркманӣ маҳв карда шуд
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои эътилофӣ яке аз раҳбарони гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» Абӯбакр Туркманӣ дар Ироқ нобуд карда шуд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Амрико иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, Абӯбакр Туркманӣ 10 сентябр зимни як амалиёти низомӣ аз зарбаҳои ҳавоӣ дар Тал Афари Ироқ маҳв гардидаст.
Абӯбакр Туркманӣ аслан машғули рабудани занони эзидӣ ва ҳамчун фароҳамоварандаи “ғуломони ҷинсӣ” маъруф буд.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сухангӯи дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Амрико Петер Кук Абӯбакр Тукманиро “амири идорӣ” ва “дӯсти наздик”-и раҳбарони гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» гуфтааст. Ӯ қабл аз пайвастан ба «Давлати исломӣ» узви Ал-Қоида будааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






