Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум дар арафаи Иди Қурбон
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз, 22 сентябр бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ба муносибати фарорасии «Иди Қурбон» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ пешниҳод шуданд. Меваю сабзавоти тоза- себу ангур, ноку шафтолу ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: пиёзу картошка, караму сабзӣ, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм, асал, тарбуз, каду, сабзаҷот дар муқоиса бо нархи бозор 50 % арзонтар пешкаши харидорон гардиданд.
Дар ярмаркаи мазкур 70 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаш гардида, нархи як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, асал аз 20 то 30 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, себу нок ва ангур аз 2 то 5 сомонӣ, картошкаю пиёз ва сабзӣ бо нархи 1 сомонӣ, тарбуз, каду 2-3 сомонӣ, 1 дона тухм 40 дирамро ташкил медод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






