Забоншиносон перомуни суннати номгузорӣ табодули назар менамоянд
Душанбе, 15.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ»- таҳти чунин унвон охири моҳи сентябр дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш маҳсуб мешавад.
Чорабинӣ ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои кишвар, донишмандон ва забоншиносон иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш масоили марбут ба рушди забони давлатӣ, ҳифзи он дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули суннати номгузорӣ дар кишвар матраҳ гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 26 сол муқаддам — 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва тибқи он ба забони тоҷикӣ, ки аз муқаддасот ва рукни асосии давлатдорист, мақоми давлатӣ дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






