Зимни сафари расмии Н. Назарбоев ба Тоҷикистон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре зикр гардид, рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён мегирад, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Муҳимтарин санад Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан баланд хоҳад баровард.
5 санади дигар доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳимояи техникии иттилот, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқишаҳрвандони ҳамдигар ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 мебошанд.
Тибқи санади ҳамкорӣ дар соҳаи маориф интизор меравад, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик бе курсҳои тайёрӣ якбора ба курси аввали муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон ва ба ихтисосҳои муайяннамудаи ҷониби Тоҷикистон қабул шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






