А. Иброҳим: Масъалаҳои мустаҳкамкунии соҳил ба касбият вобастагӣ доранд
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазир Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва мутахассисони Агентии беҳдошти замин 7 октябри соли равон бо сафари корӣ доир ба омўзиши ҳолати омодагии корҳои мустаҳкамкунии соҳил дар яке аз мавзеъҳои осебпазири кишвар- дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доштанд.
Баъди азназаргузаронии мавзеъҳои осебпазири ноҳияи Ҳамадонӣ дар сарбанди обгирандаи канали «Чубек» бо иштироки намояндагони масъули ҷумҳуриявию минтақавӣ ҷаласаи кории сайёр баргузор гардид. Раиси Агентии беҳдошти замин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ бар асари баланд гардидани ҳарорати ҳаво, ҳаҷми оби дарёи Панҷ то ба 4400-4800 метри мукааб дар як сония расида буд. Бо назардошти омодагии қаблӣ ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани сарбанди обгиранда ва заминҳои назди соҳили дарёи Панҷ, корҳои банақшагирифташуда иҷро гардиданд, ки дар натиҷа хатари эҳтимолии хисороти хоҷагии халқи ноҳия аз баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ дар мавсими баҳору тобистони соли ҷорӣ пешгирӣ карда шуд.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини соҳа дастур дод, ки бо мақсади дуруст муайян намудани таркиби ҷойгиршавии ҷинсҳои замин дар мавзеи осебпазир, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор як ё ду адад чоҳи таҷрибавиро дар сарбанди обгирандаи канали Чубек парма кунанд ва вобаста ба натиҷаҳои ба дастомада барои анҷом додани корҳои мустаҳкамкунии соҳил тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳалли муҳандисии корҳои мустаҳкамкунии соҳил дар чунин шароит бо назардошти ҳисобҳои гидравликӣ, натиҷаҳои корҳои геофизикию геологӣ, гидрогеологию гидрологӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






