А. Раҳимзода: Ҷавонон ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд
Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар бо донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вохӯрӣ намуданд. Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳим Раҳимзода дар мавзӯи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу равияҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ва оқибатҳои нохуши он сухан гуфт.
Ба гуфтаи мавсуф, ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ, пойдории сулҳу суботи кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо барои омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.
Дар идомаи чорабинӣ масъулини донишкадаи мазкур дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва чораҳои андешидашуда дар ин самт сухан гуфтанд.
Донишҷӯён аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия ва баргузории чунин як суҳбати пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки онҳо аз ин вохӯрӣ дониши ҳуқуқии худро мукаммал намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






