Ҳадафи «Cозандагони Ватан»-огоҳ сохтани ҷавонон аз хатарҳои замони муосир
Душанбе, 07.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки маълум аст, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки марҳилаи дуюми чорабиниҳои худро бо мақсади пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайриқонунии фаъолияташон мамнуъ оғоз намояд. Бо ин мақсад ба силсилаи мулоқот бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар оғоз бахшида шуд.
Дар толорҳои Донишгоҳи Давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии бизнес, сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо донишҷӯёни ин макотиби олии кишвар баргузор шуданд.
Зимни суҳбатҳо, ки дар руҳияи озоду созгор баргузор гардиданд, ба донишҷӯён ҳадафҳои шуми стратегии ҳизбу гурўҳҳои экстремистию террористӣ фаҳмонида шуда, омилҳои таъсиррасон ба тафаккури ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз ин таъсирҳои манфӣ баён шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






