Адвокат Ёров Бузургмеҳр маблағи пулии шаҳрвандро барнагардондааст

Октябрь 2, 2015 03:23

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати навбатӣ оид ба ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович ворид шудааст.
Ёров Бузургмеҳр Равшанович бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, аввалҳои моҳи марти соли 2012  ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, сокини шаҳри Роғун даромада, бо сӯйистифода аз бовар барои корҳои шахсияш ба муҳлати кӯтоҳ аз ӯ 200 доллари амрикоӣ дархост намудааст.
Одинаев Эмомалӣ Талбакович шахсияти Ёров Бузургмеҳрро ба инобат гирифта, ба охирин маблағи зикргардидаро дастрас менамояд. Б. Ёров новобаста аз он, ки шароити вазнини Одинаев Эмомалиро медонист, ӯро пайваста сарсону саргардон намуда, то  ҳол маблағи гирифтаашро бар нагардонидааст.
Аз рӯи далели мазкур нисбат ба гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

 

Октябрь 2, 2015 03:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад