Афғонистон аз қарори Амрико дар мавриди боқӣ мондани нерӯҳояш дар ин кишвар истиқбол кард
Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Афғонистон аз қарори Вашингтон дар мавриди тамдиди муҳлати боқӣ мондани неруҳои амрикоӣ дар хоки Афғонистон истиқбол кард, — иттилоъ медиҳад бо такя ба баёнияи маъмурияти президенти ИМА «Хома Пресс».
Рӯзи панҷшанбе Барак Обама, президенти ИМА эълон кард, ки неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар охири соли 2016 пурра бароварда намешаванд. 5,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ дар ин кишвар баъд аз соли 2016 низ боқӣ хоҳанд монд. Ҳоло шумораи низомиёни ИМА дар Афғонистон 9,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар баёнияи маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омадааст, ки ин тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асоси созишномаи дуҷониба оид ба амният ва созишнома дар бораи ҳамкории стратегии миёни ду кишвар гирифта шуд. Қарори мазкур ба таҳкими манфиатҳои умумӣ, субот ва рушди Афғонистон, инчунин мубориза бар зидди терроризм дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






