Афзоиши истеҳсоли гўшт, панири равғанин, маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар 9 моҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ истихроҷи ангиштсанг ва ангишти бўр, газ, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли гўшт, ҳасиб, панири равғанин, истеҳсоли маҳсулоти шири холис, маснуоти қаннодӣ, нахи пахта, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзоли резинӣ, собуни хоҷагӣ ва мушк, семент, оҳаки бинокорӣ, арматураи сохтмонӣ, зеристгоҳҳо, маснуоти кабелӣ, плитаҳои тарабхона, лампаҳои каммасраф ва светодиодӣ, асфалт, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайраҳо афзудааст.
Истихроҷи нафт, намаки ошӣ, истеҳсоли консерваҳо, маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ, калобаи пахтагин, газворҳо, қолин ва маснуоти қолинӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, маснуот аз пластикаи филизӣ, мех ва ғайра баръакс кам шудааст.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар 9 моҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 8315,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 (бо нархҳои муқоисавӣ) 112,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар моҳи сентябри соли 2015 ба маблағи 1116,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз сатҳи соли 2014-ум 14,5 фоиз баланд аст.
Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 1168,3 млн. сомонӣ, саноати коркард 5219,5 млн. сомонӣ ва дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1927,7 млн. сомониро ташкил дод.
Аз 2012 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ — сентябри соли 2015-ум миқдори корхонаҳои бозистода 339 воҳидро ташкил кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






