Афзоиши пасандозҳо дар ташкилоти қарзӣ
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Раванди афзуншавии ҳаҷми бақияи пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ чун моҳҳои пешин идома дорад. Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи сентябри соли равон 8 214,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,9 фоиз зиёд аст.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми амонатҳо нишон дод, ки 39,8 фоиз ё маблағи 3 272,6 млн. сомонии амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 60,2 фоиз ё 4 941,9 млн. сомонии амонатҳо ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,33 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,61 фоизи солонаро ташкил намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






