Ҷаласаи навбатии ШҲМ Созмони Ҳамкории Шанхай
Душанбе, 20.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 октябри соли 2015 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи муштараки коршиносони кадрӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии давлатҳои аъзои СҲШ кори худро оғоз намуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.
Дар ҷаласаҳои мазкур мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (Кунмин, декабри соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






