Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе
Душанбе, 30.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа сарвазирони Арманистон Овик Абраамян, Беларус Андрей Кобяков, Қазоқистон Карим Масимов, Қирғизистон Темир Сариев, Русия Дмитрий Медведев, Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок менамоянд. Туркманистонро дар ҷаласа муовини раиси девони вазирон ва Озарбойҷону Ӯзбекистонро ноибони сарвазирон намояндагӣ мекунанд.
Мувофиқи барнома субҳи 30 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҷаласаро ба ҳузур пазируфта, сипас иштирокдорон масоили рӯзномаро, аввал дар сатҳи маҳдуд, сипас дар сатҳи васеъ муҳокима менамоянд. Баъди ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳо натоиҷи ҷаласа дар нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасии 40 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар назар аст.
Ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа масоили асосан марбут ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт ворид шудаанд, ки онҳо, аз ҷумла, иборат аз татбиқи Шартнома дар бораи фазои тиҷорати озод, фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар бахши иқтисодиёт, тадбирҳо ҷиҳати татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, масоили ҳамкории инноватсионӣ, рақобат дар бозорҳои амвол, мухобираи барқӣ, энергетика, бозори қоғазҳои қиматбаҳо, ҳамчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти молиявӣ мебошанд.
Ғайр аз ин, сарони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, маориф, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






