Ҷамъбасти марҳилаи дуюми амалиёти Нелегал-2015 дар Суғд

Октябрь 19, 2015 03:54

Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Марҳилаи  дуюми амалиёти муштараки махсуси Нелегал-2015 дар вилояти Суғд анҷом ёфт. 
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ А.Қодирӣ,  мақсад аз гузаронидани ин амалиёт  ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат бар зидди  будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ буд. Дар ин амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок намуданд.  
Дар  доираи амалиёти махсуси «Нелегал-2015» кормандони Раёсат, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Чкалов, Айнӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 13  ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор намуданд.
 Нисбат ба  шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, бо моддаи 138 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 адад, моддаи 499 қисми 1-11 адад, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид. Маблағи умумии ҷаримаи ситонидашуда 28 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.
Раёсат дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа пешқадамони марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2015»-ро қадршиносӣ хоҳад кард.  

 

 

Октябрь 19, 2015 03:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад