Ҳамкории байнисоҳавӣ ҷиҳати эътино ба гендер ва зӯроварии хонаводагӣ
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари тоҷикистонии СММ-нуфуси аҳолӣ дар меҳмонхонаи «Каён» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ оид ба иҷрои Нақшаи миллии чорабиниҳо дар бораи иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории байнисоҳавӣ ҷиҳати эътино ба гендер ва зӯроварии хонаводагӣ”-ро баргузор намуд.
Ҳадафи мизи мудаввар тақвият бахшидан ба ҳамкории байнисоҳавӣ ҷиҳати эътино ба гендер ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, бархурдор шудани иштирокдорони мизи гирд аз таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва маълумоти дақиқ пайдо намудан аз фаъолияти утоқҳои ёрирасон ва нозирони минтақавӣ барои занҳои ҷабрдидаи зӯроварӣ, ба омӯзиши касбӣ ҷалб намудани онҳо ва баррасии масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила дар барномаҳои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буд.
Пешниҳод шуд, ки ҳамкории вазорату кумитаҳои мутасаддиро боз ҳам густариш дода, комиссияи муштарак таъсис дода шавад, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Молдоваро мувофиқи имкониятҳои ҷойдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намояд. Чунин раванди фаъолият ба манфиати кор буда, заминаи ба қадри имкон пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оиларо мегузорад, чунки корҳои анҷомдодаи кишвари Молдова дар ин самт назаррас буда, натиҷаи дилхоҳ додаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






