Ҳамлаи ДИИШ ба «Ҳусайния»-и шиъаён дар Арабистони Саудӣ
Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Манбаъҳои ғайрирасмии Арабистони Саъудӣ аз ҳамлаи мусаллаҳона ба «Ҳусайния» дар минтақаи Алқатиф -шарқи Саъудӣ хабар доданд. Ба гуфтаи масъули «Ҳусайния», шахси ҳуҷумкунанда кушта шуда аст ва захмиҳо фавран ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки шиъаён дар ҳоли маросими баргузории азодории имом Ҳусайн, имоми сеюми шиъаён буданд.
Телевизиони Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки террористи ҳуҷумкунанда узви ДИИШ будааст. Шабакаи «Алахбория»-и Арабистон ба нақл аз манбаъҳои огоҳ эълом кард, ки террорист ҳудудан 20 сола буд ва аз ҷониби неруҳои амниятии Арабистони Саудӣ кушта шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






